Мулоқоти Президент бо фаъолони шаҳри Норак
Душанбе, 13 август (АМИТ «Ховар»).-Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар қасри фарҳанги шаҳри Норак бо роҳбарият ва фаъолони шаҳр мулоқот намуд.Зимни мулоқот дастовардҳои шаҳри Норак дар бахшҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар солҳои охир мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, барои таъмини рушди босуботу босуръати минбаъдаи ин шаҳри ҷавон вале бисёр машҳуру овозадор ба масъулон супоришҳои мушаххас дода шуд.Дар охир маҳфили тӯлонии пурсишу посух ҷараён гирифт, ки зимни он Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба суолу дархостҳои сершумори аҳли толор ҷавоб гуфт. Аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар муддати кутоҳи оянда бо ҷалби маблағҳои зарурӣ аз фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ беш аз 18 километр роҳҳои дохилии шаҳри Норак навсозӣ хоҳанд шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






