Мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо Дабири кулли Паймони нерӯ
Душанбе, 20 август. (АМИТ «Ховар»).-Мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Паймони нерӯ Урбан Руснак басо ҷолибу самарбахш ҷараён гирифт.Бо ёдоварӣ аз натиҷаҳои форуми соҳибкорию сармоягузорӣ барои Тоҷикистон, ки бо мусоидати ин созмон чанде пеш дар шаҳри Брюсел-пойтахти Шоҳигарии Белгия баргузор гардида буд, ба густариши бештари ҳамкорӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.Урбан Руснак таъкид намуд, ки Паймони нерӯ минбаъд низ ба Тоҷикистон барои беҳсозии фазои инвеститсионӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ, пеш аз ҳама ба бахшҳои ояндадори соҳаи энергетикаи он мусоидати фаъол хоҳад дошт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






