Мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо
Душанбе, 19 август (АМИТ «Ховар»).-Тафсилоти бештари ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Патрисия Флор баррасӣ гардид.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сӯҳбат изҳор дошт: “Тоҷикистон дар симои Иттиҳоди Аврупо шарики муътамади худро дар арсаи байналмилалӣ мебинад ва мо хоҳони тавсеаи ҳамёрии пойдору дарозмуддат ва мутақобилан судманд бо ин ниҳоди бонуфуз ҳастем.” Ҳамчунин таъкид гардид: “Мо таваҷҷуҳи пайвастаи Иттиҳоди Аврупоро ба ҷанбаҳои мухталифи ҳамкории ҷомеаи Аврупо бо Тоҷикистон, аз ҷумла дар масоили рушди иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсӣ ва таъмини амнияти минтақавӣ қадрдонӣ карда, баланд арзёбӣ менамоем”.Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои идоракунии захираҳои обу энергетика, таъмини амнияти энергетикӣ, ҳифзи муҳити зист, тавсеаи имкониятҳои нақлиётию транзитии минтақа, рушди робитаҳои тиҷоратӣ ва ҳамчунин ба соҳаҳои калидии иҷтимоию гуманитарӣ — маориф, тандурустӣ, таъмини шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии он зоҳир гардид.Баррасии авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, аз ҷумла пас аз соли 2014 ва роҳҳои густариши ҳамгироии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар ин самт низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.Изҳори умедворӣ карда шуд, ки талабу пешниҳодҳои мушаххаси Тоҷикистон дар Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2014 – 2020 ба назар гирифта мешаванд”.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






