Мулоқоти Р. Раҳимов бо ҳамватанони бурунмарзӣ дар Урал
Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). –Тавре ки аз ВКД ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, рӯзи 26 августи соли равон вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов дар ҳавзаи Урали Федератсияи Русия бо ҳамватанони бурунмарзӣ, донишҷӯён, муҳоҷирони меҳнатӣ, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷамъиятҳо вохӯрд. Рамазон Раҳимов дар ҷараёни вохўрӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ изҳор намуд, ки ин вохӯрӣ дар доираи Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия доир гардида, ВКД Тоҷикистон дар мушовараи соли гузашта аз ҷониби Федератсияи Русия хоҳиш карда буд, ки ҷиҳати бо шароити будубош ва ҳаёту фаъолияти муҳоҷирон шиносо шудан мушовараи навбатӣ дар шаҳре доир гардад, ки дар он шумораи зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон кору зиндагӣ намоянд. Вазири корҳои дохилӣ зимни вохӯрӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ таъкид намуд, ки муҳоҷирон ба қонунҳои амалкунандаи ин кишвар, дину оин, урфу одат, ҷойҳои муқаддас ва арзишҳои олии ин мамлакат эҳтиром гузошта, фарҳангу тамаддуни баланди миллати тоҷикро нишон диҳанд.Вазири корҳои дохилӣ ҳамватанони бурунмарзиро бо фарорасии ҷашни бузургу тақдирсоз- Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муборакбод намуд. Рамазон Раҳимов дар хотимаи мулоқот барои иштироки фаъолона ба ҳамватанони бурунмарзӣ изҳори сипос карда, ба саволҳои онҳо ҷавобҳои мушаххас дод. Рамазон Раҳимов як зумра роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷамъиятҳо ва ҳамватанони бурунмарзиро барои ҳамкории судманд бо мақомоти корҳои дохилӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ ва Ифтихорномаҳо қадрдонӣ намуд.Дар фарҷом ансамбли «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилӣ табъи ҳозиринро болида намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






