Мулоқоти раиси Бонки миллӣ бо сафири Чин
Душанбе, 2 август.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон ҷаноби Фан Сянҷун 31 июли соли равон баргузор гардид. Дар ҷараёни суҳбати судманд изҳор гардид, ки дар айни замон байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин муносибатҳо ҳам дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи ҳамкориҳои бисёрҷониба идома доранд. Дар ин маврид махсус зикр шуд, ки Ҷумҳурии Чин дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахши сохтмони роҳҳо, гузаронидани хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва инкишофи соҳаҳои дигар нақши назаррас дорад. Маълум аст, дар ин ҷода низоми бонкӣ, ки имкониятҳои зиёди ҳануз истифоданашударо доро мебошад, метавонад дар ҷоннок намудани ҳамкориҳои самарабахш нақши ҳалкунанда ва пешбарро анҷом диҳад. Ҷонибҳо зимни аввалин суҳбати кории худ масъалаҳои ташкили Бонки рушди Иттиҳоди ҳамкории Шанхай, омӯзиш ва такмили дониши мутахассисони бонкии ҷумҳурӣ дар бонкҳо ва мактабҳои олии Чин, ифтитоҳи шуъбаҳои бонкҳои Чин дар Тоҷикистон, имконияти истифодаи асъорҳои ҳарду давлат ҳангоми доду гирифти молу маҳсулот, боз ҳам инкишоф додани ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Бонки Миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






