Мулоқоти С.Наҷмуддинов бо намояндагони БРО
Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). – Чанде пеш вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Наҷмуддинов дар шаҳри Душанбе бо намояндагони Бонки рушди Осиё бо роҳбарии муовини раиси раёсати бонки мазкур С.Шаталов мулоқот анҷом дод.Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот самтҳои дурнамои барномаҳои муштарак барои соли 2013 ва давраи миёнамӯҳлат, ҳамчунин танзими муносибатҳои Тоҷикистон бо Бонки рушди Осиё ва созмонҳои дигари молиявии байналмилалиро мавриди муҳокима қарор доданд. Зикр шуд, ки ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки рушди Осиё бо усули татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва танзими фаъолияти муштарак сурат мегирад.Дар ин бора аз котиботи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






