Мулоқоти Шералӣ Ҷононов бо Муҳаммад Зубайр
Душанбе, 1 август. (АМИТ «Ховар»).- 30 июли соли 2013 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Шералӣ Ҷононов бо раиси Шӯрои сармоягузории Покистон Муҳаммад Зубайр мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ мубодилаи афкори манфиатнок оид ба рушди муносибатҳои дуҷониба бар таъкиди ривоҷи заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ дар партави узвияти Тоҷикистон дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, дастгирии сармоягузорӣ ва рушди лоиҳаҳои муштарак, пеш аз ҳама дар соҳаи энергетика, рушди инфрасохторӣ, кишоварзӣ ва тиҷорат сурат гирифт. Шӯрои мазкур дар тобеияти бевоситаи Сарвазири Покистон буда, ба доираи ваколати он ташвиқ ва тавсеяи сармоягузорӣ ба иқтисоди Покистон, беҳдошти ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ, коркарди расмиёти соддаи ҳамоҳангсозии байниидоравӣ, баланд бардоштани мавқеи бахши хусусӣ дар рушди соҳаҳои саноат ва ғайра дохил мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






