Мулоқоти Зарифӣ бо ҳайати Арабистони Саудӣ
Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- Имрӯз, 28 август вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҳайати намояндагони мамлакати Арабистони Саудиро, ки баҳри иштирок дар ҳамоиши нахустини Комиссияи муштараки Тоҷикистону Саудия ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд, ба ҳузур пазируфт. Бар пояи иттилои Вазорати корҳои хориҷии кишвар дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо мавзуъҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии байни ду кишвар, аз ҷумла ҷалби сармояи кишвари Арабистони Саудиро ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.Гуфта мешавад, ки ҳайати мазкурро раиси Кумитаи сармоягузории давлатии Мамлакати Арабистони Саудӣ Абдуллатиф ибн Аҳмад ал-Усмон, ки ҳамзамон ҳамраисии ҷониби саудии Комиссияи муштаракро бар уҳда дорад, роҳбарӣ менамуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






