Мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба Рўзи Истиқлолият
Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Бахшида ба Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 август то 7 сентябри соли ҷорӣ дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андоз, воқеъ дар шаҳри Душанбе барои дарёфти Ҷоми Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории як cилсила мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол миёни вазорату идораҳо дар назар аст. Бояд гуфт, ки дар чорабиниҳо дастаҳои дастгоҳи марказӣ, вазорату идораҳо ширкат хоҳанд кард. Ғолибон ва беҳтарин бозингарон бо ҷому дипломи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд. Дар ин бора аз кумитаи мазкур иттилоъ доданд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






