Мустаҳкамкунии соҳилҳои Тебалаю Лангар
Муъминобод, 7 август. (АМИТ “Ховар”, Сулаймон Холов).-Дар ноҳияи Муъминобод дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 11 млн. 373 ҳазору 600 сомонӣ маблағгузории асосӣ аз худ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 млн. 858 ҳазору 300 сомонӣ зиёд мебошад, гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳия Пирмад Зарипов. Дар ин давра корҳои сохтмонию васлгарӣ дар ҳаҷми 10 млн. 451 ҳазору 400 сомонӣ ба анҷом расонида шудаанд , ки нисбат соли қаблӣ 3 млн. 938 ҳазору 300 сомонӣ зиёд мебошанд. Дар айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар чор мактаби деҳаҳои Фурузоба, Шаҳрак, Момандиён, Қасри фарҳанг, майдони варзишӣ , сохтмони муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ, меҳмонхона барои 20 ҷой ва дигар иншооти дигар бомуваффақият ҷараён дошта, инчунин корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар сойҳои Тебалай, Лангар, Туту , Хоҷаҳақиқ ва Файзобод ба тариқи ҳашар ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ноҳия, Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҶТ идома доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






