Нашри китоби «Тоҷикистон: дипломатияи об» ба забони арабӣ
Душанбе, 16 август. (АМИТ «Ховар»).- Нашриёти мисрии ас-Саҳҳор дар шаҳри Қоҳира дар арафаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки дар Душанбе баргузор мегардад, китоберо таҳти унвони «Тоҷикистон: дипломатияи об» ба забони арабӣ ба табъ расонид. Китоби мазкур дар шакли мақолаҳо маҷмӯаи суханрониҳои Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳамоишҳои мухталифи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об дар бар гирифта, ба Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013, ки онро Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бино ба ташаббуси Тоҷикистон эълон намуд, бахшида шудааст. Муқоваи китобро сурати ифтихори миллии тоҷикон- НОБ-и Норак ва сурати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо маълумотномаи мухтасар дар бораи муаллифи мақолаҳо оро додааст. Аз ҷумла, дар маълумотнома омадааст: Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъмори сулҳу субот ва ваҳдату мусолиҳаи миллӣ, роҳнамои миллат ба сӯи ояндаи дурахшон, муаллифи се ташаббуси наҷиб дар арсаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об ва истифодаи оқилонаи он, аз ҷумла ташаббуси ахир аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ эълон шудани соли 2013 ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об.Сарвари давлат муаллифи як силсила китобҳо дар бораи таърих ва тамаддуни тоҷикон, муҳимтарини он китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих», ки чанде қабл ба забони арабӣ дар 4 ҷилд дар Қоҳира нашр шудааст, мебошад. Иқдоми нашриёти мисрӣ ба чопи китоби «Тоҷикистон: дипломатияи об» нишонаи таваҷҷуҳи амиқи ин кишвари арабӣ ба масъалаҳои об мебошад. Ибратангез аст, ки Миср ба ҳайси давлати поёноби ҳавзаи дарёи Нил сиёсати ҳамгироӣ ва ҳамкории созандаро бо давлатҳои болооби ҳавза пеша кардааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






