Номаи Дабири кулли СММ унвонии Конфронси байналмилалӣ
Душанбе, 22 август. (АМИТ «Ховар»). – 21 август Дабири кулли СММ Пан Ги Мун ба иштирокдорони Конфронси байналмилалӣ дар сатҳи баланд аз рӯи масъалаи ҳамкорӣ дар бахши об, ки тайи ин рӯзҳо дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе идома дорад, табрикнома ирсол дошт. Пан Ги Мун дар табрикнома кишварҳои минтақаро даъват менамояд, ки захираҳои муштараки обро дастраси якдигар намуда, ин захираҳоро ҳифз ва мувофиқи мақсад истифода кунанд. Дабири кулли СММ дар табрикномааш ҳамчунин аҳамияти захираҳои табиӣ барои беҳбудии халқҳо, рушди иқтисодиёт ва ҳифзи муҳити солими зистро хотирнишон сохта, аз афзоиши нуфуси аҳолӣ, афзудани истеъмолу тавлидот, ки боиси камчинии об дар ҷаҳон ва ифлосшавии муҳити зист мегарданд, изҳори ташвиш намудааст. Имрӯз дар тамоми ҷаҳон 800 миллион нафар аз системаҳои устувори обрасонӣ бархӯрдор буда, 2 миллиону 500 ҳазор нафар аз истифодаи оби пок маҳруманд. Ҳар рӯз бар асари мавҷуд набудани оби бехатари ошомиданӣ ва шароити бади санитарию гигенӣ тақрибан 5 нафар кӯдакони синнашон то 5 мефавтанд. Муовини Дабири кулли СММ оид ба масоили иқтисодию иҷтимоӣ У Хунбо дар нишасти матбуотӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар мавриди табрикномаи Пан Ги Мун сухан кард.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






