Оғози мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо Сарвазири Тайиланд
Душанбе, 19 август (АМИТ «Ховар»).-Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Тайиланд хонум Йинглак Шинаватра, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ва ҳам барои иштирок дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ташриф овардааст, мулоқот намуд.Ба ифтихори ташрифи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри Миллат маросими бошукӯҳи истиқбол сурат гирифт.Сарвазири Шоҳигарии Тайиланд хонум Йинглак Шинаватраро Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.Маросими истиқболи расмӣ бо саф оростани ҷузъҳои Горди фахрии Тоҷикистон ва оркестри асбобҳои нафасӣ, гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ ба меҳмони олимақом, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди қатори афсарону сарбозон, арзи эҳтироми меҳмон ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва салом додани ӯ ба сарбозон ва ҳамчунин шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо расми гузашти тантанавии низомиён ба поён расид.Баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманди ду кишвар дар мулоқоти хосаи сатҳи олӣ оғоз ёфт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






