Охири август санаи баргузории интихобот таъйин карда мешавад
Душанбе, 16 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 30 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи панҷуми якҷои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин хусус Шукурҷон Зуҳуров- раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори марбута ба тасвиб расонд. Интизор меравад, ки дар ҷаласаи панҷуми муштараки палатаҳои болоӣ ва поёнии Парлумони Тоҷикистон санаи баргузории интихоботи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар Муҳаммадато Султонов-котиби матбуотии палатаи поёнии Парлумони мамлакат иттилоъ дод. Дар робита ба ин 16 август дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, лоиҳаи қарори якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба таъйини интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасии аъзои Шӯро қарор гирифт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






