Омодагӣ ба соли нави хониш
Варзоб,14 август. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Ҳамаи 64 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Варзоб, ки аз ин шумора 1 адад гимназия ва 1 адад интернати наздимактабӣ (барои бачагони ятиму бепарастор) мебошад, ба соли нави хониш пурра омодаанд. Аз ҷумла, мактабҳо бо захираи кофии ангишт таъминанд. Дар ин бора Гулхоним Сафарова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод. Дар таълимгоҳҳои ноҳия дар соли хониши гузашта 13800 нафар хонандагон аз ҷумла, 6636 нафар духтарон ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли хониши гузашта 354 нафар зиёд мебошад. Имсол дар муассисаҳои таълимии ноҳия 1178 нафар синфи 9 ва 744 нафар синфи 11-ро хатм намуданд, ки як қисми онҳо ба мактабҳои олӣ шомил гардиданд. Ду нафар шогирдони мактаби бачагонаи санъат Муқаддаси Абдувалӣ ва Чеҳрони Салим дар ҳамаи даврҳои барномаи телевизионии «Овози тиллоӣ» ҷои намоёнро ишғол намуда, ба даҳгонаи аввал роҳхат гирифтанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






