Пардохти саривақтии нафақа

Август 27, 2013 09:14

Ҳамадонӣ, 27 август. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Ба иттилои сардори Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Ҳамадонӣ Неъмат Акбаров шумораи нафақагирон дар ноҳия ҳоло ба 11 ҳазору 936 нафар расида, талаботи якмоҳаи нафақа 2 млн. 132 ҳазору 717 сомониро ташгкил медиҳад. Дар ноҳия 29 нафар иштирокчии ҶБВ, 1570 нафар нафақагири маъюб, 993 нафар нафақагири бесаробон, 1723 нафар гирандаи нафақаи иҷтимоӣ ба қайд гирифта шуда, онҳо ҳамеша таҳти назорати масъулини раёсат қарор доранд.Зикр гардид, ки музди миёнаи ҳар нафақагир 173 сомониро ташкил дода, он то моҳи август пурра пардохт шудааст. Масъулини раёсат моҳе як маротиба аз аҳволи иштирокчиёни ҶБВ, иштирокчиёни фоҷиаи Чернобил ,оилаҳои бесаробон ва дигар табақаҳои камбизоате, ки нафақа мегиранд, хабар гирифта, нафақаашонро сари вақт ба онҳо мерасонанд.

Август 27, 2013 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд