Пешгирии истисмори шаҳвонӣ
Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон як ҳодисаи истисмори шаҳвониро дар пойтахт пешгирӣ намуданд.Тавре ки сомонаи Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар додааст, рӯзи 27-уми июли соли равон зимни гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд муайян карда шуд, ки шаҳрванд Оиша Абдухалилова, соли таваллудаш 1972, сокини кӯчаи М.Тоҷибоеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия кору зиндагӣ мекунад, бо мақсади истисмори шаҳвонӣ шаҳрванд М. Исмоилова, соли таваллудаш 1986-ро ҷалб намуда, сипас барои ӯ рӯзи 4-уми август ба тариқи электронӣ ба хатсайри Душанбе-Истанбул чиптаи ҳавопаймо дастрас кардааст. Ҳангоми бақайдгирӣ аз хатсайри мазкур М. Исмоилова бозпас гардонида шудааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






