Поёни шаби сиёҳ…
Душанбе, 16 август. (АМИТ «Ховар»).-Мақомоти Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ба шаҳрванди ҷумҳурӣ Хикоят Раҳматуллоева, ки аз тарафи мақомоти интизомии Русия бинобар сабаби вайрон намудани қонунҳои федеролӣ аз қаламрави ин кишвар маҷбуран берун карда шуда буд, дубора иҷозаи вуруд доданд.Тавре ки мудири бахши қабул ва маслиҳатдиҳии Хадамоти муҳоҷират Дӯстмурод Умбаров ба мо иброз дошт, мақомоти Федеролии муҳоҷирати Русия муроҷиатномаи шаҳрванд Ҳикоят Раҳматуллоеваро ба назар гирифта, сарфи назар аз он, ки се нафар фарзандони ноболиғаш дар шаҳри Самара бепарастор мондаанд, иҷозаи дубора ворид шудан ба қарамрави ин кишварро медиҳанд.Бояд қайд намуд, ки шаҳрванд Ҳикоят Раҳматуллоева 24 апрели соли 2013 сарҳадро убур карда, ба Ҷумҳурии Қазоқистон меравад, то ки барои гирифтани қайди 3 моҳа, ҳангоми убур кардани сарҳади Русия аз тарафи сарҳадбонони рус бозпас гардонида мешавад. Ӯ ба бахши қабул ва маслиҳатдиҳӣ муроҷиат намуда хоҳиш менамояд, ки бинобар доштани се нафар фарзанди ноболиғаш ва бепарастор мондани онҳо дар қаламрави ин кишвар ва инчунин ҳал намудани проблемаи ӯ кӯмаки ҳамаҷониба намоянд. Вазъияти ӯро ба назар гирифта, Хадамоти муҳоҷират як мактуб ба роҳбарияти Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия Константин Ромадановский ирсол намуда, аз ӯ хоҳиш менамоянд, ки ба шаҳрванди мо Ҳикоят Раҳматуллоева иҷозаи дубора ворид шудан ба қаламрави Русияро диҳанд.Инак он рӯзи хурсандӣ ҳам фаро расид. Мақомоти Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ба Ҳикоят Раҳматуллоева иҷозаи ворид шудан ба қаламрави ФР медиҳанд, то ки ба назди фарзандонаш баргардад. Аз ин рафтори хайрхоҳонаи роҳбарияти Хадамоти федералии муҳоҷирати ФР ва Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикоят Раҳматуллоева изҳори миннатдорӣ баён менамояд.Ба диққати шаҳрвандони ҷумҳурӣ расониданием, ки пеш аз сафар ба бахши қабул ва маслиҳатдиҳии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед, то аз тағйиру иловаҳо дар қонунгузории муҳоҷиратии ФР бархурдор бошед.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






