Роғун: Мақоми зан дар ҷомеа баланд мешавад
Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола тадбир меандешад, ки мақоми занро дар ҷомеа баланд бардорад. Бино ба иттилои ҳукумати шаҳри Роғун алҳол 1098 нафар фаъолзанон дар мансабҳои гуногуни мақомоти иҷроия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳои шаҳр фаъолият доранд, ки аз ин шумора 18 нафарашон дар мансабҳои роҳбарикунанда фаъолият мекунанд. Шумораи умумии фаъолзанон нисбат ба 2012 сол 28 нафар зиёд мебошад. Имрӯзҳо намояндагони занон дар маҷлиси вакилони халқи шаҳр 3 нафар ва дар маҷлиси вакилони шаҳраку деҳот 8 нафарро муайян намудааст. Дар донишкадаҳои олии пойтахт айни ҳол 97 нафар донишҷуён тавассути квотаи Президенти таҳсил менамоянд, ки 50 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд, дар як вақт ба онҳо кӯмаки молиявӣ ба ҳар як донишҷӯ ба маблағи 100 сомонигӣ дода шуд. Дар шашмоҳаи соли 2013 дар маркази дӯзандагии шаҳр 47 нафар занон ва ҷавондухтарони бекор ба курсҳои кӯтоҳмудати касбомӯзӣ ҷалб карда шудаанд. Аз ин шумора 28 нафар касби дӯзандагӣ, 11 нафар касби муҳосибӣ ва 8 нафар касби оператор- компютер аз худ намуда, соҳиби шаҳодатномаи касбӣ шудаанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






