Роҳи нави замонавӣ ба Қалъаи Ҳисор
Ҳисор,14 август. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Имрӯз корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингард ба самти Қалъаи Ҳисор расман оғоз ёфт. Дар ҷамъомади тантанавӣ, ки ба ин муносибат доир гардид, мутахассисони тоҷикистонию чинӣ, мӯйсафедон ва фаъолони ноҳия ҳузур доштанд. Раиси ноҳияи Ҳисор Усмон Сабзов аз ободкорию созандагӣ бахшида ба 3000- солагии Ҳисор ёдовар шуд ва иттилоъ дод, ки ба ин муносибат зиёда аз 20 километр роҳҳои дохилии ноҳия ҳам ба таври замонавӣ обод хоҳад шуд. Роҳи мошингарди мазкур аз гардиши Ҳисор то Қалъаи Ҳисор зиёда аз ҳашт километр буда, бо паҳноии зиёда аз 25 метр сохта хоҳад шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






