Сӯҳбати Р.Назаров бо Д.Маккелви
Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). – 22 август дар шаҳри Душанбе мулоқоти директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Рустам Назаров бо муовини директори Раёсати Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Миёна дар Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир хонум Даяна Маккелви баргузор шуд.Тавре ки аз Агентии назорати маводи нашъаовар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, директори Агентӣ дар ҷараёни мулоқот перомуни вазифаҳои ин муассиса нақл карда, меҳмони олиқадрро бо вазъи маводи нашъаовар дар Тоҷикистону Афғонистон, ҳамчунин минтақаи Осиёи Марказӣ шинос кард. Даяна Маккелви дастовардҳои агентӣ дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаоварро ба дараҷаи баланд арзёбӣ карда, фаъолияти муваффақонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар ҷилавгирии ба кишвар ворид намудани маводи нашъаоварро ба таври махсус қайд намуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






