С. Наришкин бо сафари расмӣ ба Душанбе меояд
Душанбе, 22 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин моҳи сентябри соли равон бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид менамояд». Ин матлабро Юрий Попов -сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон зимни мулоқоташ бо Шукурҷон Зуҳуров –раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки дар робита бо анҷоми фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон сурат гирифтааст, иброз дошт. Дипломати рус зикр кард, ки сафари қарибулвуқӯи раиси Думаи давлатии Русия ба Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар- Тоҷикистону Русия, хусусан дар самти равобити байнипарлумонӣ нақши муассир мебозад. Мусоҳибон ҳамзамон зимни мулоқот масъалаҳои тақвияти муносиботи ҳасанаи Душанбеву Маскавро дар бахшҳои мухталиф матраҳ намуданд. Шукурҷон Зуҳуров ба дипломати рус итттилоъ дод, ки вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон баъди таътили тобистона дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Русияро баррасӣ намуданд. Юрий Попов хотирнишон намуд, ки Русия Тоҷикистонро шарики асосии худ дар минтақа мешуморад ва тамоми имконотро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо истифода менамояд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






