Сабқати варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои осиёии наврасон
Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Бозиҳои дуюми осиёии наврасон бо иштироки варзишгарони 45 кишвар дар шаҳри Нанҷинги Чин ҷараён дорад.Тавре ки дар ин бора Назрулло Латипов,хабарнигор ва шореҳи варзиши тоҷик аз ҷараёни бозиҳо аз шаҳри Нанҷинг хабар дод, дар барномаи б0озиҳо 17 риштаи варзиш дохил аст. Баъди ҷамъбасти 6 рӯзи мусобиқа намояндагони 27 кишвар соҳибони медалҳо гардидаанд.Тоҷикистон дар байни кишварҳои медалдор бо як нишони нуқра ва як биринҷӣ ба мисли Ироқ дар зинаи 22-юм қарор дорад. Аз рӯи шумораи умумии медалҳо Тоҷикистон 19-ум аст. Чин бо 77 медал дар ҷойи аввал, Кореяи Ҷанубӣ бо 31 медал дар ҷойи дуюм ва Тайланд бо 27 медал дар ҷойи сеюм қарор доранд.Маросими пӯшидашавии бозиҳо дар шаҳри Нанҷинги Чин шоми шанбеи 24-уми август доир хоҳад шуд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






