Шаҳрвандони тоҷик урдугоҳҳоро тарк намуданд
Душанбе, 14 август. (АМИТ «Ховар»). – Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки чанде пеш аз боздоштгоҳи махсуси шаҳри Маскав ба қабулгоҳи махсуси идораи пулиси ин шаҳр интиқол дода шуда буданд, вақтҳои наздиктарин ба Ватан фиристода мешаванд.Дар ин бора намояндаи махсуси Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод. Назар ба хабари манбаъ, 13 август сардори Хадамоти консулгарии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Садбарг Ғаниева аз Маркази боздоштгоҳи шаҳрвандони хориҷии Раёсати шаҳрии корҳои дохилии шаҳри Маскав, ки дар он бисёр муҳоҷирони хориҷӣ ва ҳамватанони мо бар асари вайрон кардани қонуни муҳоҷиратии Русия дар он нигоҳ дошта мешаванд, боздид намуд.Ба гуфтаи Муҳаммад Эгамзод, алҳол дар урдугоҳи муҳоҷиратии ноҳияи Голяновои шаҳри Маскав ягон шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ намонда, ҳамаи онҳо баъди ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо аз ҳисоби буҷаи федералии Русия ба Ватан фиристода мешаванд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






