Шаҳрвандони Тоҷикистон дар урдугоҳи муваққатӣ
Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар»). – Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҷараёни тафтиши Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар шаҳри Маскав ва вилояти Маскав бинобар халалдор сохтани қоидаҳои буду бош дар Федератсияи Русия дастгир шуда буданд, таҳти назорати доимии Сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар қарор дорад. Чанде пеш кормандони масъули Сафорат аз урдугоҳи муваққатии муҳоҷирони меҳнатӣ воқеъ дар ноҳияи Голяновои вилояти Маскав, ки дар он 10 нафар шаҳрвандони дастгиршудаи Тоҷикистон қарор доранд, боздид намуданд. Дар ҷараёни сӯҳбат бо шаҳрвандони зикршуда сабабҳои дастгир шудан ва проблемаҳои онҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Алҳол кормандони масъули Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия теъдоди шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва вазъияти дастгиршудагонро муайян мекунанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






