Таҳаммулпазирӣ хоси ҳанафимазҳабон аст

Август 20, 2013 11:43

Вокуниш  Душанбе, 20 август. (АМИТ «Ховар»). Чанде қабл, аниқтараш 15 августи соли равон, дар Кохи Ваҳдат бо ташаббуси Шўрои ҷамъиятӣ ва дастгирии САҲА дар Тоҷикистон ҷаласаи «Маҳфили ҳамкориҳои иҷтимоӣ» баргузор гардид. Мавзуи баҳс ва баррасии ҷаласа «Муносибати давлат ва дин дар ҷомеа» буд. Дар ин ҷаласа Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймурод Фаттоев бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, вобаста ба нақши дин дар ҷомеа, муносибати давлат ба дин изҳори ақида намуданд. Ҳамчунин, ҳангоми баррасии ин масъала С. Фаттоев иброз дошт, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи кишвар 4 июли соли равон вобаста ба муносиботи давлат ва дин таъкид кард, ки давлати Тоҷикистон барои бароварда кардани ниёзҳои динии мусулмонон ва намояндагони дигар мазҳабу динҳои кишвар тадбирҳои сершумор амалӣ намудааст ва хоҳад кард. Бо ишора ба гуфтаҳои Сарвари давлат ва ҳаводиси хунини олами араб С. Фаттоев афзуд, ки барои оромиш ва субот дар ҷомеа принсипи дунявият аз ҳама беҳтар аст. Чунки дар ҷомеаи дунявӣ ҳар нафар дар интихоби ақидаи динӣ ва ҷаҳонбинӣ озод аст ва ҳеҷ кас ҳақ надорад, ақидаи худро ба дигарон таҳмил кунад. Ҳангоми муҳокимаронӣ дар мавриди эҳтиром гузоштан ба арзишҳои динию мазҳабӣ таъкид шуд, ки дар мавриди дину диёнат, мазҳабу ҷараёнҳо ботаҳаммул бошем, аз тундгароӣ роҳ нагирем ва мо бояд коре кунем, ки ба иззати нафси намояндагони дину мазҳабҳои дигар нарасем. Зеро бархе аз онҳо дар баъзе кишварҳои ҷаҳон характери расмӣ доранд. Масалан, ҷараёни салафия ҳарчанд дар кишвари мо мамнуъ эълон шуда бошад ҳам, вале дар кишвари Арабистони Саудӣ аксари мардум аз он ҷонибдорӣ мекунанд. Аммо таҳлилгарон ва бархе аз руҳониён ин изҳороти Мушовири давлатии Президентро як навъ тағйир ва таҳриф намуда, онро ҳамчун муносибати давлат ба салафиҳо талаққӣ мекунанд. Бинобар ин мо аз Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймурод Фаттоев хоҳиш намудем, ки он гуфтаҳои худро бори дигар шарҳ диҳад. — Он чи ки ман дар ҳамон ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ изҳор доштам, дар сомонаи «Озодӣ» дуруст оварда шудааст,- иброз намуд ў.- Мутаассифона, баъзе рўзноманигорону коршиносон онро ба манфиати худ истифода карданӣ шуда, гуфтаҳои мазкурро таҳриф карданд. Гап сари он меравад, ки Тоҷикистон давлати дунявӣ буда, эътиқод ба ин ё он дин озод аст. Яъне ҳар кас метавонад ба кадом дине ки хоҳад гаравад: он хоҳ исломӣ бошад, хоҳ насронӣ. Ё метавонад, ки дорои мафкураи даҳрӣ бошад. Фақат шарти муҳим он аст, ки Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаро риоя намояд, ба ихтилофи динию мазҳабӣ, миллию нажодӣ роҳ надиҳад. Танҳо дар ҳамин сурат ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми тарафайн ва сулҳу субот дар ҷомеа таъмин мегардад.

Август 20, 2013 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид