Таҳсили сарҳадбонони Тоҷикистону Афғонистон
Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар»). – 22 нафар сарҳадбонони Тоҷикистон ва афсарони идораи пулиси сарҳадии Афғонистон таҳсилро дар курсҳо аз рӯи масоили пайдо намудани ҳуҷҷатҳои қалбакии сайру сафар ва мубориза бо ҷилавгирии убури ғайриқонунии сарҳад анҷом доданд. Ин чорабинӣ бо ибтикори Маркази Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо роҳандозӣ шуда буд. Тавре ки аз Маркази Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо хабар доданд, барномаи таҳсилот иборат аз масоили сохтор ва хусусияти назорати сарҳадот, ошкор намудани ҳуҷҷатҳои қалбакии сайру сафар, ҳамчунин ҷилавгирии убури ғайриқонуниии сарҳад ва фаъолияти дигари ҷинояткоронаи трансмиллӣ буд. Коршиносони пулиси миллии Туркия б0 иштироккунандагони курсҳо аз рӯи масъалаҳои зикршуда машғулиятҳои амалӣ гузарониданд. Иштирокдорони курсҳо, ҳамчунин теъдоди зиёди намунаҳои ҳуҷҷатҳоро омӯхта, бо кори таҷҳизоти муосири бахши назорат шинос шуданд.Дар маросими супурдани дипломҳо намояндагони расмии қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ширкат доштанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






