Таҷовузи падар ба номуси духтар

Август 22, 2013 13:26

Душанбе, 22 август. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). -Кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳодисаи таҷовуси падар ба номуси духтари худро ошкор намуданд. Шаҳрванд Маҳмадуллоев Муқим, соли таваллудаш 1972, сокини деҳаи Конститутсияи ноҳияи Рӯдакӣ, аз моҳи октябри соли 2012, бо роҳи зӯроварӣ ба номуси духтараш Таҳминаи Муқим, соли таваллудаш 1994 таҷовуз намудааст. Ӯ ин амали ношоистаи худро то моҳи июни соли равон идома дода, ӯро таҳдид мекардааст, ки агар ба ягон кас муроҷиат кунад, ӯро кушта, дар ҳавлиашон зери хок мекунад. Маҳмадуллоев Муқим духтараш Таҳминаи Муқимро дар хона маҳкам карда, ӯро иҷозати берун баромадан намедодааст. Таҳминаи Муқим шабона аз хона гурехта, ба кормандони милитсия оид ба ин ҳодиса хабар додааст.Дар айни ҳол, Маҳмадуллоев Муқим Ҳигматович дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтиши ин ҳодиса идома дорад.19 — уми августи соли равон аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Қумсангир боз як ҷинояти падар нисбат ба духтари худ ошкор гардид. Шаҳрванд Азизов Авазҷон, соли таваллудаш 1964, сокини деҳаи Кавраки ноҳияи мазкур моҳи сентябри соли 2011 дар хонаи истиқоматиаш бо тариқи зӯроварӣ ба номуси духтари худ Азизова Насиба, соли таваллудаш 1991 таҷовуз намудааст. Ин амал то моҳи августи соли равон идома ёфтааст.Аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 138 қисми 3, банди «а» парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад. Акнун ба Азизов А. барои содир намудани ин ҷиноят аз рўи қонун ҷазо дода мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд.

Август 22, 2013 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд