Таъиноти кадрӣ дар мақомоти судӣ

Август 7, 2013 12:21

Душанбе, 7 август. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон наздики 80 нафар кормандони мақоми судиро, ки ба вазифаҳои судя ва роҳбарии ин мақомот дар маҳалҳо таъин гардидаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.Тавре зикр гардид, аз шумораи умумии ба вазифаҳои нав таъиншудагон 6 нафар бонувон ва 30 нафар касонеанд, ки бори аввал ба вазифаи судя сазовор дониста мешаванд. Дигарон тибқи нақшаи ҷойивазкунии муҳлатноки кадрҳо ва ба навбат дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ фаъолият кардану таҷриба андӯхтан ба вазифаҳои нав таъин гардиданд.Пас аз қироати фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъиноти кадрӣ ахбори роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷумҳурӣ, аз ҷумла Раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Фаттоҳ Саидов, Прокурори генералӣ Шерхон Салимзода ва Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов доир ба фаъолияти кормандони мақомоти судӣ, ҳодисаҳои ташвишовари даст задани онҳо ба ҷинояту қонуншиканӣ, аз ҷумла кирдорҳои коррупсионӣ ва ҳамчунин доир ба ҳамкории миёни сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ шунида шуд.Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки судяҳо “бояд ба халқу Ватан ва савганди касбии худ ҳамеша содиқ бошанд, кору фаъолияти худро бо дасту дили пок ва нияти нек ба роҳ монда, дар амалӣ намудани адолати судӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлату шаҳрвандон танҳо тобеи қонун бошанд”.Бо изҳори нигаронӣ аз даст задани баъзе судяҳо ва дигар кормандони мақомоти судӣ ба ҷинояту қонуншиканӣ ва амалҳои коррупсионӣ минбаъд барои пешгирӣ аз чунин кирдорҳои нангин аз тамоми имконоти мавҷуда бояд самаранок истифода бурда шавад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки кормандони ба чунин амалҳо роҳдодаи натанҳо мақомоти судӣ, балки дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳам минбаъд бояд ба чунин мақомоти пурмасъулият ва умуман ба хизмати давлатӣ роҳ дода нашаванд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, ҳамчунин доир ба ҳамгироии наздики миёни ин сохторҳо, муборизаи якҷоя ва ҳамоҳанг бо ҷинояту ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани сифати корҳои ҷустуҷӯӣ, тафтишотӣ ва судӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Август 7, 2013 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!