Таъмири ҷорӣ дар роҳҳои Фархор
Фархор, 13 август. (АМИТ «Ховар»,С. Холов).- Дар ноҳияи Фархор таъмиру нигаҳдории роҳҳои ноҳия ба уҳдаи Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои мошингарди ноҳия вогузор буда, дар мувозинаи муассиса 95,4 км роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 314,4 км дорои аҳамияти маҳаллӣ мавҷуд мебошанд,- гуфт раиси ноҳия Қурбонбой Каримов. Муассиса дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба ҷои 246 ҳазору 689 сомонӣ ба маблағи 261 ҳазору 255 сомонӣ таъмири ҷориро дар роҳи мошингарди Гулистон- Фархор-Панҷ-Дӯстӣ ва дигар роҳҳои маҳаллӣ иҷро намудааст, ки 105,9 % -и нақшаро дар бар гирифта, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42 ҳазору 029 сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра аз тарафи муассиса ба маблағи 21 ҳазору 800 сомонӣ корҳои зимистонгузаронӣ ва ба маблағи 4ҳазору 416 сомонӣ корҳои кабудизоркунӣ ба итмом расидаанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






