Ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ дар Кӯлоб
Душанбе, 5 август. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Кормандони Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои минтақаи Кӯлоб баҳри татбиқи стандартҳои давлатӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар мавриди назорати фаъолияти корхонаю ташкилот ва соҳибкорони алоҳида корҳои назаррасеро анҷом доданд. Ба иттилои сардори раёсат Ҳикматулло Сафаров дар шаш моҳи соли ҷорӣ шуъбаи ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ ва хоҷагии қишлоқ 1199 ташхис гузаронид, ки нисбат ба соли қаблӣ 367 адад зиёд мебошад. Аз шумораи умумии ташхисҳо дар 91 ҳолат маҳсулоти санҷидашуда ғайристандартӣ ба ҳисоб рафта , 2220 кг орд, 350 кг макарон , 220 кг чой, 16 адад нӯшокии спиртӣ , 40 000 кг намак , 1 кг равғани растанӣ , 11 кг маҳсулоти ширӣ , 1333 кг биринҷ ва дигар маҳсулоти ғизоие, ки ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ набуд, аз муомилот бароварда шуд. Дар 76 ҳолат амрномаи манъи фурӯши маҳсулоти ғайристандартӣ бароварда шудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






