Ташрифи Сарвари давлат ба хонаи деҳқони оддӣ дар Ёвон
Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар»).-Дар ҷамоати Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба хонаи деҳқони асил Кароматулло Раҳматуллоев ташриф оварда, аз аҳволи рӯзгораш пурсон шуд.Тавре аён гардид, ин марди деҳқон роҳбари хоҳагии деҳқонии Алишер аст, ки 4,7 га замин дар ихтиёр дорад. 3,2 гектари он замини лалмӣ ва якуним гектараш обӣ мебошад. Дар хоҷагӣ 5 бародару 5 хоҳар аз як хонавода, ки ҳама оила барпо кардаанд, бо фарзандону пайвандонашон кор мекунанд. Онҳо, асосан, бо кишти ғалладонаю полезӣ, сабзавоткорӣ ва боғдорӣ машғул буда, аз он ризқу рӯзӣ ҳосил мекунанд ва ҳеҷ яке ба муҳоҷирати корӣ намераванд. Анвои гуногуни маҳсулоти ин хоҷагии деҳқонӣ дар ҳавлиашон ба намоиш гузошта шуда буд, ки аз гандум, наск, нахуд, лӯбиё, пиёз, картошка, сабзӣ, сирпиёз, қаламфур, боймиҷон, помидору бодиринг, ҷуворимакка, офтобпараст, ангӯр, себу нок, олу ва консерваҳои хонагии меваю сабзавот иборат аст.Миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли хонаводаи ин деҳқони асил сари дастурхон суҳбати гуворо сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






