Таъсиси Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президент
Душанбе, 30 август. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Мутобиқи моддаи 69 –уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади бо мутахассисони соҳибкасби идоракунӣ таъмин намудан ва таҳкими заминаи таълимӣ, илмӣ, ташкилию методии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 1 – уми октябри соли ҷорӣ дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис хоҳад ёфт. Бояд гуфт, ки теъдоди умумии кормандони Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи идоракунии давалатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» 182 нафар (бо назардошти ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шуда, он тибқи қабули шумораи донишҷӯён марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






