Таъсиси сехи дӯзандагӣ дар Гулшан
Фархор, 21 август. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Дар ноҳияи Фархор дар 7 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳия 21 иншооти хурду калон, аз ҷумла синфхонаҳои иловагӣ барои 330 хонанда, маркази саломатӣ барои қабули 25 бемор, корхонаи хурди истеҳсоли қуму шағал бо иқтидори 250 тонна дар як шабонарӯз ба истифода дода шуд, ки маблағи умумии он 5 миллиону 360 ҳазор сомониро ташкил медиҳад,-гуфт мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия Саидобид Ҳафизов. Дар айни ҳол дар ноҳия сохтмони 50 иншооти хизматрасонӣ, аз қабили 3 дорухона, 3 бунгоҳи тиббӣ, нуқтаҳои фурӯши маводи нафтӣ, дӯкону фурӯшгоҳҳои хурду калон ва 80 хонаи истиқоматӣ идома дошта, аксари онҳо дар арафаи анҷомёбиянд. Манбаъ афзуд, ки бо дастгирии соҳибкор Диловар Муҳиддинов дар деҳаи Муҳочирободи ҷамоати деҳоти Дарқад корхонаи хурди саноатии истеҳсоли сангреза ва қум бо иқтидори 250 т дар як шабонарӯз бо маблағи 5 млн. 370 ҳазору 400 сомонӣ ва аз ҷониби Хайрулло Салимов сехи дӯзандагӣ дар деҳаи Гулшани ҷамоати Гулшан таъсис дода шуд, ки дар корхонаҳо беш аз 60 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






