Татбиқи барномаи миллии иммунопрофилактикӣ дар Муъминобод
Муъминобод, 12 август. (АМИТ «Ховар», С. Холов)-.Маркази иммунопрофилактикаи ноҳияи Муъминобод тибқи «Барномаи миллиии иммунопрофилактика дар ҶТ барои солҳои 2011-2015» амал карда, дар шаш моҳи соли ҷорӣ барои беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ дар ҳамкорӣ бо менеҷери КАТС-и ноҳия корҳои назаррасро ба анҷом расонид. Ба иттилои директори марказ Зебонисо Соҳибова барои пешгирии бемориҳои зардпарвин, кабудсулфа, гулӯзиндонак, сурхча, фалаҷ ва дигар бемориҳои сироятӣ дар 38 муассисаи тиббӣ ба кӯдакони аз 5 то 17- сола бар зидди бемориҳои сироятӣ эм гузаронида шуд. Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ, маблағгузории Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия ва ЮНИСЕФ яхдон, доруворӣ ва дигар таҷҳизоти лозимӣ ба марказ ворид карда шуд, ки ин барои беҳтар гардидани шароити иммунопрофилактикӣ мусоидат менамояд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






