Тухмҳои ғайристандартиро нобуд намуданд
Душанбе, 5 август. (АМИТ «Ховар»).- Ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ дар натиҷаи корҳои сертификаткунонӣ ба миқдори 1 ҳазору 890 қуттӣ тухми мурғ бо вазни умумии зиёда аз 22 тонна, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ворид гардида буд, аз тарафи кормандони дидбонгоҳи «Терминал»-и Раёсати минтақавии гумрукии шаҳри Турсунзода мавриди санҷиш қарор гирифт. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд, маҳсулоти мазкур дар озмоишгоҳи Агентии «Тоҷикстандарт» санҷида шуд ва дар натиҷа маълум гашт, ки маҳсулоти воридгардидаи тухми мурғ аз рўи нишондиҳандаҳо ба талабот ҷавобгў нест. Санҷиш нишон дод, ки маҳсулоти номбурда ҳангоми интиқол додан аз хориҷи кишвар дар натиҷаи нодуруст истифода бурдани яхдони воситаи нақлиёт пурра корношоям гаштааст. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ» ва дар асоси талаботи моддаи 243 Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон моли мазкур таҳти низоми гумрукии «Нобудкунӣ» қарор дода шуда, зиёда аз 22 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ бо иштироки мақомоти салоҳиятдор карда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






