Вохӯрии сафири Тоҷикистон бо вазири энергетикаи Кувайт

Август 6, 2013 14:15

Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар»).- Дар Кувайт мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдов бо вазири энергетика ва оби ин кишвар Абдулазиз Абдуллатиф ал-Иброҳим доир гардид.  Зимни мулоқот даъватнома барои иштирок дар Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки 20-21 августи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ба вазири энергетика ва оби Давлати Кувайт супорида шуд. Сафири Тоҷикистон ба ҷониби кувайтӣ оид ба масъалаҳо ва мақсади конфронси мазкур, иштирокчиён ва ҳайатҳое, ки дар кори он иштирок мекунанд, муфассал маълумот дод. Абдулазиз Абдуллатиф ал-Иброҳим бо изҳори боварӣ таъкид намуд, ки Давлати Кувайтро ҳайати сатҳи баланд дар ҷаласаи мазкур намояндагӣ хоҳад кард, ки дар конфронс иштироки фаъолона хоҳад дошт. Ҳамчунин зимни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои энергетикаву об байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт табодули назар намуданд.

Август 6, 2013 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд