Вуруди 66 нафар шаҳрванди тоҷик ба ФР манъ аст
Душанбе, 20 август. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).-Аз 12 то 19 августи соли ҷорӣ 66 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ, ки азми сафар ба шаҳрҳои Маскав, Қазон, Екатеринбург, Санкт-Петербург ва Оренбургро доштанд, аз тарафи мақомот интизомии Федератсияи Русия баргардонида шуданд. Тибқи қонунҳои федеролии Русия барои ин шаҳрвандони тоҷик ба муҳлати се сол ворид шудан ба қаламрави ин кишвар манъ карда шудааст. Тавре ки ба мо корманди Раёсати назорат дар нақлиёт ва ба ҳисобгирии муҳоҷирони Хадамоти муҳоҷират дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Насим Раҷабов иброз дошт, кормандони дахлдори Федератсияи Русия дар фурудгоҳҳои Домодедова, Внуково, Пулкова, Колсова, Қазон ва Оренбург сабаби бозгардонии шаҳрвандони моро дар вайрон намудани қонунҳои ФР ва аз тарафи мақомоти дахлдори он ҷазои маъмурӣ додани онҳо дар шакли ҷарима арзёбӣ намуданд.Акнун ин шаҳрвандон мутобиқи конунҳои федеролии Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ба муҳлати се сол аз ворид шудан ба қаламрави ин мамлакат маҳрум карда шудаанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






