10 нафар донишҷўи тоҷик аз қаламрави Русия берун карда шуд
Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад). -Зиёда аз 10 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар донишгоҳҳои Федератсияи Русия таҳсил мекарданд, бо сабабҳои риоя накардани қоидаҳои будубоши дар давоми таҳсил ва дар айёми таътил сарҳади ин кишварро убур намудан ба қаламрави Федератсияи Русия роҳ дода нашуданд. Донишҷўёни мазкур ба Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуданд. Роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират бо мактуб ба роҳбарияти Хадамоти Федеролии муҳоҷирати Русия Константин Ромадановский муроҷиат намудааст, ки барои идомаи таҳсил ба донишҷўён Муҳаммад Соқиев, донишҷўи бахши 4-уми Академияи давлатии ҷангалпарварии шаҳри Воронеж, Сиёвуш Раҳматов, донишҷўи бахши 5-уми филиали Академияи гумруки ба номи В.Бобковаи шаҳри Санкт-Петербург, Муродалӣ Иноятов, донишҷўи бахши 2-юми филиали Академияи гумруки ФР дар шаҳри Ростов ва дигарон имконияти дубора ворид шудан ба қаламрави кишвари Русияро диҳанд, то донишҷўёни мазкур тавонанд таҳсили худро давом диҳанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






