Ғалабаи навбатии «Вахш»
Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар»). – Дастаи футболи «Вахш» — и шаҳри Қӯрғонтеппа дар вохӯрии чорякниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон дастаи «Эсхата» — и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби се бар сифр мағлуб сохт.Назар ба хабари Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳамаи се тӯбро ниммуҳофизатгари дастаи «Вахш» Умедҷон Шарифов ба дарвозаи ҳариф ворид намуд. Хотирнишон месозем, ки дастаи «Вахш» дар бозии нимниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон бо ғолиби вохӯрии дастаҳои «Энергетик» ва «Регар ТадАз» қувваозмоӣ менамояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






