Қоҳир Расулзода аз кишоварзон пуштибонӣ мекунад
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар тантанаи баргузории корвони «тиллои сафед» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иштирок намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Қоҳир Расулзода дар маросими тантанавӣ, ки ба ин муносибат дар назди заводи пахтатозакуниии маркази ноҳия баргузор шуд, дар назди ҳозирин сухан гуфта, мардуми ноҳия, алалхусус кишоварзон ва пахтакорони шуҳратманди онро ба муносибати Иди муқаддаси миллӣ 22 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахтаи соли 2013 самимона табрик намуд. Раиси вилоят аз ташаббуси саҳмдорон ва кишоварзони ноҳия бобати бо қувваи худӣ ҷамъоварӣ намудани ҳосил пуштибонӣ намуд ва ҳамзамон аз роҳбарони хоҷагиҳою сармоягузорон талаб кард, то заҳмати чинакчиён мувофиқи натиҷаҳои ҳар 5 — рӯза барои ҳар як кило пахтаи миёнанахи чидашуда 50 дирамӣ бо пули нақд ҳисобӣ карда шавад. Гуфта мешавад, ки имрӯз аз хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия аз тариқи корвони «тиллои сафед» ба нуқтаҳои пахтақабулкунии ноҳия беш аз 150 тонна пахта ворид шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






