Қоҳир Расулзода кормандони пешқадами Суғдро қадрдонӣ кард
Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз ба ифтихори солгарди 22-юми Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими қадршиносии кормандони пешқадами соҳаҳои хоҷагии халқи вилояти Суғд баргузор гардид. Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода зимни суханронии худ дар ҳузури кормандони пешқадам онҳоро ба муносибати иди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, изҳор дошт, ки ҳама гуна бурдбориву пешравӣ маҳз аз масъулият ва меҳнати содиқонаи ҳар як шаҳрванди кишвар вобастагӣ дорад. Сипас, раиси вилоят дар фазои тантанавӣ ба 62 нафар кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят, ходимони ҳарбӣ, аҳли зиё, олимону адибон, занону ҷавонон ва собиқадорони меҳнат «Ифтихорнома» — ҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро супорида, изҳори боварӣ намуд, ки мутахассисон минбаъд низ ҷиҳати рушду нумӯи иқтисодиёту иҷтимоиёти диёр ва таъмини зиндагии шоистаи мардум саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






