Ҳадя ба ҳоҷиёни тоҷик
Душанбе, 30 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Роҳнамои ҳаҷ ва умра»- таҳти чунин унвон сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи хурдеро мунташир намуд. Мураттиби китобча Ҳоҷӣ Хоҷамир Хоҷамиров буда, он бо забони тоҷикӣ ва ҳуруфоти кириллӣ рӯи чоп омадааст. Рисола бо дастгирии молиявӣ ва сарпарастии доктор Бандар Муҳаммад Ҷамил -Сафири Ходими ҳарамайни шарифайн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр гардида, он ҳадяест ба мусулмонон, ки ба зиёрати Хонаи Каъба мераванд. Ҳоҷӣ Хоҷамир Хоҷамиров дар рисолаи мазкур саъй намудааст, то рукн, шарт, фарз, воҷиб ва суннатҳои маросими Хаҷро аз сарчашмаҳои муътамади исломӣ, Қуръони Карим ва ҳадисҳои ҳазрати Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва салам), инчунин аз манбаъҳои фиқҳии мазҳаби Абуҳанифа (разияллоҳу анҳу) гирдоварӣ ва тасниф намояд. Бояд тазаккур дод, ки фаризаи Ҳаҷ бар ҳар мусалмоне, ки қудрату тавоноии молӣ ва ҷисмонӣ барои сафар ба Байтуллоҳро дорад, воҷиб аст. Ин фариза як рукнест аз панҷ рукни Ислом. Соли равон 6300 нафар зоирини тоҷик ҷиҳати тавофи Хонаи Худо ба Арабистони Саудӣ мераванд. Сафари гуруҳи нахстини зоирини тоҷик ба ин кишвар 21 сентябр тавассути ҳавопаймо шуруъ гардид. Хароҷоти сафари Хаҷ дар соли равон 17 625 сомонӣ, муодил ба 3700 $-ро ташкил медиҳад. Маблағи мазкур чиптаи парвози рафту бозгашти ҳоҷиён тавассути ҳавопаймо, боҷи шоҳӣ, хизматрасонӣ дар меҳмонхона, хӯрокӣ, хидмати роҳбаландон, кӯмаки тиббӣ, эмкунӣ, либос, ҷузвдон ва дигар ҷузъиёти сафар ба Хонаи Худоро дар бар мегирад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






