Ҳадя ба ҷашни 65-солагии ДМТ
Душанбе, 18 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар «Шаҳраки донишҷӯён»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, воқеъ дар маҳаллаи Буниҳисораки Душанбе майдони варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар маросими ботантанаи ифтитоҳи ин иншооти варзишӣ намояндагони дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, Парлумон, Вазорати маориф, ширкати сармоягузори «GLENCORE INTERNATIONAL AG» ва дигар ниҳодҳои марбутаи кишвар ширкат доштанд. Ин иншооти варзишӣ дар партави сиёсати ҳукумати кишвар дар самти рушди варзиш ва тарбияи насли солиму нерӯманд бунёд шудааст. Дилшод Давлатов- мудири кафедраи умумидонишгоҳии тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки иншооти варзишӣ дар масоҳати 2600 метри мураббаъ бунёд гардида, дорои 1000 ҷои нишаст аст. Инчунин он дорои се майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футболи хурд, волейбол, теннис ва баскетбол мебошад, ки масоҳати ҳар яке аз ин майдончаҳо 600 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Ин иншооти варзишӣ бо сармояи ширкати «GLENCORE INTERNATIONAL AG» бунёд гардида, фармоишгараш ширкати TALCO «MANEGMENT LIMITED» ва пудратчиаш «Алюминсохтмон» аст. Бунёди иншооти варзишӣ ҳадя ба устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар доираи таҷлили 22-юмин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 65-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






