Ҳамкории Тоҷикистон бо Туркия густариш меёбад
Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дирӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо ёвари муовини Вазири нақлиёт, баҳрнавардӣ ва коммуниатсияи Туркия Суат Хайрӣ Оқо ва Сафири Туркия дар Тоҷикистон Мехмет Мунис Дирик баргузор шуд.Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо ҳамкории ҳар ду кишвар дар бахшҳои мухталифро мавриди муҳокима қарор доданд. Шариф Саид перомуни самтҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон, вазъи сармоягузорӣ ва рушди палатаҳои савдои хар ду кишвар нақл кард.Сафир Шариф Саидро ба муносибати раиси Раёсати Шӯрои корбурди Созмони Ҳамкории Шанхай интихоб шуданаш муборакбод кард.Сипас мусоҳибон самтҳои мушаххаси ҳамкорӣ ва имконияти рушду густариш бахшидани онро муҳокима намуданд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






