Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Аз 3 то 5 сентябр дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷаласаи дуюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор мегардад.
Тавре ки аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ хабар доданд, роҳбарии ҳайати Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Бобокалонов ва ҳайати Озарбойҷонро вазири рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Озарбойҷонро Ш.Мустафоев ба ӯҳда доранд.
Дар ҷараёни ҷаласа муҳокимаи масоили густариши муомилоти моли байни ҳар ду кишвар, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи саноат, кишоварзӣ, технологияҳои иттилоотӣ, ҳамчунин ҳамкории дуҷониба дар бахши фарҳангу варзиш дар назар аст.
Ҷонибҳо ҳамчунин самтҳои дурнамои ҳамкории бахши маблағгузорӣ, аз ҷумла ташкили форумҳои муштараки тоҷирон ба манзури густариши муносибатҳои тиҷоратӣ ва дар ҳар ду кишвар доир намудани ярмаркаю намоишгоҳҳои мухталифро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.
Аз рӯи натиҷаи кори ҷаласа Протоколи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ имзо мешавад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






