Ҳавзаҳо ва учаcткаҳои интихоботӣ муайян гардид
Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 19 сентябри соли ҷорӣ дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии Шермуҳаммад Шоҳиён — Раиси КМИР ҷаласа баргузор гардид.
Дар ин ҷаласа ду масъала — ташкил намудани комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкил намудани участкаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷ аз Тоҷикистон муҳокима ва баррасӣ гардиданд.
Ш. Шоҳиён зикр намуд, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаҳои 10, 12 ва 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарори худ дар 68 ҳавзаи интихоботӣ комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил кард.
Инчунин бо мақсади таъмини иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат доранд КМИР мутобиқи моддаи 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р қабул кард, ки участкаҳои интихоботӣ дар намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои зерин ташкил карда шаванд:
дар Федератсияи Россия -шаҳрҳои Москва,
Санкт- Петербург,
Твер, Тула, Ярославл, Рязан,
Калининград, Саратов,
Волгоград, Қазон, Уфа,
Нижний Новгород,
Краснодар, Астрахан,
Екатеринбург, Тюмен,
Челябинск, Красноярск,
Благовешенск, Новосибирск,
Самара, Перм ва инчунин дар Хабаровск ва
Ҷумҳурии Саха (Якутия);
дар Ҷумҳурии Белорус — шаҳри Минск;
дар Ҷумҳурии Қазоқистон — шаҳри Остона,
дар Ҷумҳурии Қирғизистон — шаҳри Алмаато;
— шаҳри Бишкек;
дар Озарбойҷон — шаҳри Боку;
дар Туркманистон — шаҳри Ашхобод;
дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон — шаҳри Тошкент;
дар Украина — шаҳри Киев;
дар Ҷумҳурии Исломии Эрон — шаҳри Теҳрон,
— шаҳри Машҳад;
дар Ҷумҳурии Мисри Араб — шаҳри Қоҳира;
дар Арабистони Саудӣ — шаҳри Ар-Риёз,
— шаҳрҳои Макка
ва Мадина;
дар Аморати Муттаҳидаи Араб — шаҳри Дубай,
— шаҳри Абу-дабӣ;
дар Давлати Қатар — шаҳри Доҳа;
дар Ҷумҳурии Ҳиндустон — шаҳри Деҳлӣ;
дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон — шаҳрҳои Кобул,
Мазори Шариф,
Файзобод ва Қундуз,
дар Ҷумҳурии Исломии Покистон — шаҳри Исломобод,
дар Ҷумҳурии Туркия — шаҳрҳои Анқара;
— шаҳри Истамбул;
дар Ҷумҳурии Мардумии Чин — шаҳрҳои Пекин;
ва Урумчӣ;
дар Ҷопон — шаҳри Токио;
дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка — шаҳрҳои Вашингтон,
Ню Йорк;
дар Шоҳигарии Белгия — шаҳри Брюссел;
дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон — шаҳри Берлин;
дар Британияи Кабир — шаҳри Лондон;
дар Конфедератсияи Швейтсария — шаҳри Женева;
дар Ҷумҳурии Австрия — шаҳри Вена;
Инчунин, участкаҳо ва нуқтаҳои интихоботии дар боло зикршуда бо қарори мазкури КМИР бояд натиҷаҳои овоздиҳиро оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Комиссияи ҳавзавӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмансур № 3 пешниҳод намоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷаласа доираи васеъи намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид






