Ҷаласаи кумитаҳои варзишии ИДМ
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Анна Мощенко). – 2 сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи роҳбарони кумитаҳои варзишии қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Иштирокдорони ҷаласа масоили марбут ба ташкили спартакиадаи варзишгарони артишҳои ИДМ – ро, ки дар ин рӯзҳо бо ибтикори Клуби марказии варзишии артиши Вазорати мудофиаи ҶТ идома дорад, баррасӣ намуданд. Дар ҳошияи спартакиадаи варзишгарони артиши ИДМ бори нахуст дар ҷумҳурӣ аз 3 сентябр мусобиқот аз рӯи гӯштини дзюдо баргузор мегардад, ки дар он дастаҳои варзишии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Беларус ва Русия иштирок менамоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






