Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии «Кӯкнор – 2013»
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Анна Мощенко). – Чанде пеш таҳти раёсати муовини аввали директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ В.Азаматов ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявии амалиёти фаврии «Кӯкнор – 2013» баргузор гардид.Мақсади асосии амалиёт иборат аз ошкор ва фош намудани ҷинояткориҳо ва қонуншиканӣ дар бахши гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва аз байн бурдани заминаи ашёи хоми он буд. Дар кори ҷаласа аъзои Ситоди ҷумҳуриявии «Кӯкнор – 2013», ҳамчунин роҳбарони раёсату шӯъбаҳои асосии Агентии назорати маводи нашъаовар ширкат доштанд. Назар ба хабари Агентии назорати маводи нашъаовар, дар ҷаласа натиҷаи татбиқи нақшаи муштарак аз рӯи масоили пурзӯр намудани назорати ҳаракати қатораҳое, ки аз Тоҷикистон ба сӯи кишварҳои дигар ҳаракат мекунанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






