Ҷамъомади тантанавӣ дар Китобхонаи миллӣ

Сентябрь 7, 2013 09:38

Душанбе, 7 сентябр.( АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Бахшида ба 22-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ифтихори иди касбии китобдорон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад директори Китобхонаи миллӣ Носирҷон Салимов, мудири шуъбаи фарҳанги дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Пиров сухан гуфта, ҳамаи кормандони китобхонаро бо ҷашни фархундаи Истиқлолияти миллӣ ва иди касбиашон табрик намуданд. Аз ҷумла, Маҳмадсаид Пиров зикр намуд, ки китоб дар рушди маънавиёту маърифати инсонӣ нақши асосӣ мебозад ва ин қасри бузурги фарҳанг аз бунёдкориҳои даврони Истиқлолият ва сиёсати фарҳангофарии Ҳукумати Тоҷикистон равшан гувоҳӣ медиҳад. Аз рӯи анъана ҳар сол бахшида ба ҷашни Истиқлолият ба шахсони беҳтарин мукофотҳои давлатӣ супорида мешаванд ва Маҳмадсаид Пиров аз номи Президенти мамлакат ба муовини аввали Китобхонаи миллӣ Саидҷаъфар Сафаров медали Хизмати шоистаро супурд. Роҳбарияти китобхона кормандони беҳтаринро, ки саҳми арзандаи худро дар соҳаи китобдорӣ гузоштаанд, бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонид.

Сентябрь 7, 2013 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд